Боздошт барои озод кардани як сокини Истиқлол аз хидмат
Як корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо гумони ришваситонӣ боздошт шудааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» сардори Шўъбаи пешгирии Раёсати Агентии зидди фасоди Тоҷикистон дар Суғд Дилшод Зарифов иттилоъ дод, ин корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Истиқлол – Ф.Б. ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 18 ҳазору 500 рубли русӣ дастгир карда шудааст.
Гуфта мешавад, ин маблағро Ф.Б. аз як сокини шаҳри мазкур бо ваъдаи озод намудани фарзанди синну соли даъватияш ба хизмати ҳарбӣ талаб намудааст. “Айни замон нисбат ба корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Истиқлол тибқи моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “гирифтани пора”, парванда боз гашта, тафтишот идома дорад”,- афзуд манбаъ. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)