Сафорати Тоҷикистон: “Дар воқеаҳои Киев касе зарар надидааст”
Сафорати Тоҷикистон дар Украина аз тамоми шаҳрвандони кишвар дар ин минтақа хоҳиш кардааст, дар воқеаҳои охири Киев худро ҳамроҳ накунанд.
Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, масъулини сафорат ба онҳо гуфтаанд, дар ҳодисаҳои охири Киев нафаре аз тоҷикон зарар надида, ҳамагӣ таҳти назоратанд. Ин ниҳод мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина барои бе зарурат ҳозир нашудан ба маконҳои серодам аз аввал огоҳ карда шуда буданд.
Беш аз як ҳафта дар шаҳри Киев, пойтахти Украина, задухӯрд миёни нерӯҳои қудратӣ ва мухолифини ин кишвар идома дошт, ки даҳҳо куштаву садҳо захмӣ бар ҷой гузоштааст. Ҳоло дар ин воқеаҳо намояндагони мухолифин пирӯз омада, маълум нест, Виктор Янукович, раисиҷумҳури ин кишвар дар дохили кишвараш пинҳон шудааст ва ё ба ҷои дигаре фирор кардааст.