Ба макони “саёҳат” табдил шудани қароргоҳи замоне дастнораси Янукович (АКС)
Қароргоҳи расмии Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина, ки дар пайи нооромиҳои охир ба ҷои номаълум ғайб зада, ба қавле кишварашро тарк кардааст, ба як макони сайёҳии сокинон табдил ёфтааст.
Аз шоми 21 ба 22 феврали соли ҷорӣ дарҳои Қасри Янукович ба рӯи тамоми сокинони маҳаллӣ, ки ҳатто боре тасаввур намекарданд, вориди ин макон мешаванд, боз карда шудааст. Ҳар кадом аз сокинони Украина метавонад, вориди қароргоҳи раисиҷумҳури кишвари худ шуда, дар маконҳои хостааш аксбардорӣ кунанд. Ҳоло ин макон аз сӯи гуруҳҳои мухолиф нигаҳдорӣ шуда, ягон нафар аз муҳофизони Янукович дида намешавад.
Миёни корбарони интернет дар Украина гузоштани аксҳои худ аз қароргоҳи раисиҷумҳур ба қавле муд шудааст. Майкл Шур, корбари Твиттер ва яке аз сайёҳони қароргоҳи раисиҷумҳури Украина бо мондани акси сиккаи тилое навиштааст, “ин сикаи тиллое, ки мебинед, як кило вазн дорад.” Расонаҳои хабарӣ мегӯянд, раисиҷумҳури Украина гӯиё ба миён омадани ин рӯзро аз қабл огаҳӣ дошта, ашёи лозимияшро аз қаср берун бурдааст. Бо ин ҳол дидани сиккаҳои тилоию шишаҳои қиматбаҳои нӯшокиҳои спиртӣ бо акси раисиҷумҳур ва чизҳои дигари қиматбаҳо имкон дорад.
Ба қавли коршиносони маҳаллӣ арзиши ин қароргоҳи расмии Янукович, ки дар дохили он аз боғи ҳайвонот сар карда, то таваққуфгоҳу осорхонаи мошин бо шумули нақлиёти замонавию таърихӣ дида мешавад, ҳудуди се миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)