VIDEO: Нур Табаров дар бораи Тутубалина, тоҷикию форсӣ ва баҳманмоҳи хунин
Ҳумайрои БАХТИЁР
Нур Табаров, вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон, дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, ки 21 феврал баргузор шуд, алайҳи матлаби баҳсбарангези Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс”, ки дар он дар бораи зиёиёни тоҷик ҳам ишора шудааст, баромад кард. Ӯ гуфт, сукути иддае аз зиёиёнро дар мавриди матлаби “Нозиёиёна дар мавриди зиёиён” ҳеч намефаҳмад.
“Ба назарам, пайдо шудани чунин матлаб аз одоби маърифати журналистӣ камтар дур буд. Хусусан, агар хабарнигор намояндаи миллати дигар бошад. Одаме, ки дар ин кишвар мактаби русиро ҳам хонда бошад, медонад, ки инҷо чӣ расм, одоб ва урф дорад. Ҳатман аз эҳтироми мардуми тоҷик ба адибон, ҳунармандон ва зиёиён бохабар аст. Аз ин хотир, касе ҳаққи таҳқир кардани зиёиёнро надошт”,-илова намуд Нур Табаров.
Вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон афзуд, “мутаасифона, мебинам, аз ин таҳқир аксарият хомӯшанд. Дар ҳоле ки бояд мавқеи худро бигӯянд. Фикр мекунам, обрӯву эътибори зиёии тоҷик дар дасти худаш аст. Ҳамон тавре ки обрӯву эътибори сиёсатмадори тоҷик дар дасташ аст.”
ДАР БОРАИ “БАҲМАНМОҲИ ХУНИН”
Дар идомаи маҳфил ширкатдорон атрофи “баҳманмоҳи хунин” низ суҳбат карда, аз Нур Табаров пурсиданд, дар баъзе сарчашмаҳо ин воқеа муқаддимаи ҷанги шаҳрвандӣ гуфта шудааст ва оё ин дуруст аст, ё на. Нур Табаров гуфт, ба чунин саволҳо бояд ҷавоби дақиқро таърихнигорон бидиҳанд.
Бо ин ҳол, ӯ гуфт, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода он вақт дар ором кардани мардум нақши бисёр бориз дошт: “Офарин. Дар ҳамон замон нотарсида, ҷасурона рафта мардумро ором мекард.” Собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон афзуд, аз дидаву мушоҳидаҳои худ аз он ҳаводис дар додситони кулл 6 ҷилд баёноташ мавҷуд аст.
Номбурда дар пайи бозпурсӣ шуданаш аз тарафи додситони кулл гуфт, он замон мақомот тафтишоти худро мунсифона ва ҳирфаӣ (касбӣ) анҷом додаанд.
“ИН ЗАБОН ТОҶИКИСТ, НА ДАРИВУ ФОРСӢ!”
Нур Табаров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар робита ба баҳсҳо атрофи эҳтимоли бозгашт ба хатти форсӣ гуфт, ҳеч заруратро намебинад. Номбурда мегӯяд, тоҷиконро зарур аст, барои ҳамчун миллат ҳифз кардани ҳувияти худ забонашонро тоҷикӣ ҳифз кунанд.
“Ин забон тоҷикӣ ҳаст. Дариву форсӣ нест. Эрониҳо форсӣ карданд, ҳувияти худро ҳифз кунанд. Дар Афғонистон ҳам забони дарӣ гуфтанд, то худшиносии худро баён кунанд. Пас дар он ки мо ҳам забони худро тоҷикӣ мегӯем, ҳеч бадие нест. Мо ҳам бояд талош кунем, то ҳувияти худро нигоҳ дорем”,-изҳор дошт Нур Табаров. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)