Додарарӯси президент раиси нави Қӯрғонтеппа таъин шудааст
Амирулло Холов, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта аз мақоми раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон барканор шуда буд, ба курсии шаҳрдори Қӯрғонтеппа нишастааст. Як манбаи “Озодагон” рӯзи 24 феврал гуфт, ҳоло ҷаноби Холов ба ҳайси раиси маркази маъмурии Хатлон ба кор оғоз намудааст.
Ӯ дар мақоми шаҳрдори Қӯрғонтеппа Самӣ Шарифро иваз кард, ки ҳоло раҳбарии муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғунро ба ӯҳда дорад. Самӣ Шариф аз ин пештар ба ҳайси раиси ширкати “Барқи тоҷик” низ кор кардааст.
Амирулло Холов моҳи майи соли 2012 раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таъин шуда буд. Ӯ тобистони соли 2013 дар як нишасти хабарӣ аз пешниҳодҳо дар бораи ҳазфи вожаи “Ислом” аз номи Ҳизби наҳзат пуштибонӣ кард. Ӯ дар ин нишасти хабарияш аз намояндагони ВАО даъват намуд, ки дар ин бобат мусоидат намоянд: “Ҳар як нафар хато мекунад. Чи хеле домулло Абдурраҳим, ки қумандони собиқ оппозитсия буд, хеста бахшиш пурсид. Гуфт, ман дар назди миллат ва сардори давлат хато кардам. Дар ин бобат бояд - шумо рӯзноманигорон низ мусоидат кунед. Диндор кори худ, ислом кори худро бояд кунад.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)