Даргузашти Холбӣ Давлатова, муовини раиси Ҳисор, баъд аз садама
Холбӣ Давлатова, як масъули ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки дар садамаи 15 феврали соли ҷорӣ ҷароҳат бардошта буд, рӯзи шанбе даргузаштааст. Усмон Сабзов, раиси ҳукумати ноҳияи Ҳисор, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, Давлатова нимирӯзи 22 феврал ҷон дода, намози ҷанозааш баъд аз зӯҳр баргузор шудааст.
Ин садамаи маргбор дар ҳоле сурат гирифта, ки Холбӣ Давлатова ҳамроҳ бо Нурмуҳаммад Ахмедов ва Шариф Абдуллоев -- ду муовини раиси Ҳисор аз маркази ноҳия ба самти Душанбе барои иштирок дар як ҷаласа ҳаракат мекардаанд. Вале дар роҳ Ахмедов аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини тамғаи “Опел” бархӯрдааст.
Валиҷон Табаров, сардори ШКД-и Ҳисор, ба Озодагон гуфта буд, ки ин садама бо мошини шахсии худи муовинони раиси ноҳияи Ҳисор (“Хундай”) рух дода, дар пайи он як нафар – Исматулло Холови 69-сола, ки савори мошини “Опел” будааст, ҳалок гардидааст. Вай илова кард, парванда аз рӯи ин ҳодиса дар дасти онҳост, вале қатъиян гуфтани гунаҳкор феълан барвақт аст.
Ҳоло бо марги Холбӣ Давлатова шумораи фавтидагони ин садама ба ду нафар расид. Давлатова соли 2007 факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба итмом расондааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)