Дастури Расулзода барои омодагиҳо ба олимпиадаи Рио-де-Жанейро
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шўрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди ҳукумат масаъалаи маблағгузории соҳаи варзиш ва ҳавасманд кардани варзишгаронро ба миён гузоштаааст.
Ба иттилои манбаъ Расулзода зимни ҷаласаи Шӯро барои тайёрӣ ва иштироки варзишгарони тоҷик дар бозиҳои 31-уми олимпӣ дар Рио-де-Жанейро (соли 2016), бозиҳои 2-юми олимпӣ байни наврасон дар Нанкин (соли 2014) ва бозиҳои варзиши Осиё дар Инчхон (соли 2014), ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор супориш додааст.
Сарвазири Тоҷикистон ҳамчунин ба иҷрои Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2014, оммавӣ гардонидани ин намуди варзиш ва дар сатҳи баланд гузаронидани Чемпионати ҷаҳон оид ба таэкван-до (ИТФ) байни наврасон, ки бори нахуст дар Тоҷикистон баргузор мегардад, таваҷҷуҳ кардааст.