Ихвонулмуслимин: Буҳрони Украина дурӯягии Ғарбро ошкор сохт
Ҳаракати “Бародарони мусулмон” ё худ Ихвонулмуслимин, ки ахиран аз сӯи ҳукумати муваққати Миср созмони “террористӣ” шинохта шуд, бо нашри изҳороте ба раванди тазоҳурот дар Украина дахл карда, давлатҳои ғарбиро ба доштани сиёсати духура муттаҳам кардааст.
Ин созмон мегӯяд, ҳоло пулиси Украина алайҳи мардуми ба майдон баромада аз нерӯ истофода мекунад, ки дар пайи ҳамлаи онҳо барои пароканда сохтани тазоҳургарон даҳҳо нафар куштавву садҳо нафар захм бардоштааст. Ин иқдоми мақомоти давлатии Киев норозигии кишварҳои Аврупоро ба бор оварда, аз Созмони Миллали Муттаҳид сар карда, то Кохи сафеду Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба пой хестаанду ба пулиси Украина ҳушдор медиҳанд, ки аз неру истифода накунаду ҷониби тараферо нагирад.
Масъулини Ҳаракати Бародарони мусулмон гуфтаанд, “албатта пуштибонӣ аз мардуми осоишта ҳамеша қобили таҳсин буда, ин иқдоми давлатмардони ғарбӣ дуруст ва бар асоси сарчашмаҳои башарист. Вале ба гуфтаи онҳо, кишварҳои ғарбӣ дар ҳоле пулиси Украинаро таҳдиду ҳудор медиҳанд, ки дар ҳоли сурат гирифтани айни ҳамин воқеа дар Миср об ба даҳон гирифтаанд."
"Ин сиёсатмадорони ғарбӣ ба он ҳама натоиҷи интихоботи шаффоф ва демократӣ, бекор кардани Сарқонуни нав, пароканда кардани парлумони қонунӣ ва боздошту рабудани Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури баргузидаи мардуми Миср чашм пӯшидаанд. Агар дар Украина ҳудуди 70 нафар шаҳрванд куштаву даҳо тани дигар маҷруҳ шуда бошад, шумораи қурбониёни воқеаҳои охири Миср аз марзи ҳазорҳо убур карда, кучаву масоҷид ва хиёбонҳои ин кишвар пур аз хун ва ҷасади мардуми осоишта шудааст. Илова бар ин ҳудуди 17 ҳазор нафар захм бардошта, беш аз 21 ҳазор тани дигар боздошт ва мавриди шиканҷа дар зиндонҳо қарор доранд. Ба гуфтаи онҳо, миёни қурбониён ва афроди боздошт шуда шумораи занону кӯдакони мисрӣ кам нестанд."- омадааст, дар изҳороти мазкур.
Бо ин ҳама мо боре надидем, ки давлатмардони ғарбӣ садо балан карда бошанду аз мардуми осоиштаи мисрӣ пуштибонӣ кунанд. Баракс аз неруҳои асосгузори инқилоби низомӣ дар Миср пуштибонӣ карда, бо ҳар роҳ ба онҳо кӯмак менамоянд.