“Тоҷикеро надидам, ки дар Дубай аробакашӣ кунад”
Нилуфари КАРИМ
Ин ҷо ҳеч тоҷикеро надидам, ки аробакаш бошад ва ё муздурӣ кунад. Барои ман ин боиси ифтихор буд, чаро ки дар як кишвари хориҷӣ ҳамватани ман ҷойгоҳи худро дорад, мақому мартабаеро соҳиб аст.
Дар сафари даҳрӯзаи худ ба шаҳрҳои Дубай ва Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб имкон ёфтам бо ҳамватанони муҳоҷирамон, ки дар ин амокин ба сар мебаранд, мулоқот кунам. Онҳо асосан дар Дубай ба тиҷорат ва корҳои идорӣ машғул буда, аз муҳоҷирини тоҷики кишварҳои ИДМ тафовути зиёд доранд. Бархе аз онҳо 10 сол, гурӯҳи дигар 7 сол қабл аз ин ба Дубай омадаанд ва фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Ба қавли эшон, агар шахс забонҳои арабию англисиро донад, метавонад дар Дубай бидуни мушкил кори нағз пайдо карда ва оҳиста-оҳиста тиҷорати худро низ ифтитоҳ намояд.
Алиҷон Иброҳимов, ҷавони 27 солаи тоҷик, ки аллакай соҳиби кор, мошин ва манзили худ аст, дар сӯҳбат бо мо гуфт, дарҳои ин шаҳр барои ҳама боз аст ва дар сурати риоя намудани конунҳои роиҷ, ҳар кас метавонад ба тамоми орзуҳояш расад: “Ҷавонони зиёди тоҷикро медонам, ки муваффақ ҳастанду тоҷири соҳибном, аммо чандин нафари дигар бо сабаби риоя накардани қонунҳо, аз ин кишвар ронда мешаванд”.
Рамзӣ, ҷавони дигари тоҷик иброз дошт, ки пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ 4 сол дар Амрико таҳсил намудааст ва ба Ватан баргашта, ягон кори мувофиқеро пайдо накардааст. Ба гуфташ, “ба замми он, ки ихтисоси худро хуб мефаҳмам, чанд забонро низ медонам, аммо дар Ватан дар ягон корхона ба кор қабулам накарданд. Ҳарчанд розӣ будам бо маоши паст низ кор кунам. Ба ин ҷо омадам ва бе ягон мушкил кор пайдо кардам ва ду моҳ мешавад, ки бо маоши 1500 доллар ба шуғли худ даст задаам.”
Амороти Араб аз ҷумлаи марказҳои туризми ҷаҳон аст. Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, дар соли 2013 танҳо ба шаҳри Дубай 7,5 миллион сайёҳ омадаанд, ки нисбат ба соли гузашта 1,2 миллион зиёд мебошад. Туризм 35 фоизи даромади кишварро ташкил медиҳад. Аксаран сайёҳон ба Дубай аз моҳи сентябр то апрел меоянд. Дигар бахши сердаромад дар Дубай фурӯши манзилҳои истиқоматӣ мебошад. Тибқи иттилои расмӣ, ҳамасола 45 дарсади даромади буҷаи давлатӣ аз ин ҳисоб ғанӣ мегардад. Боқимонда даромади кишвари мазкур аз содирот ва воридоти мол иборат аст...
Дар ҳаёти ҳаррӯзаи кишвар, ҷолиб он буд, ки раисҷумҳур дар баробари сокинони оддӣ аз фурӯшгоҳҳо ва роҳҳо истифода мебарад ва боре ҳангоми убури ӯ ё амалдорони дигар, роҳҳо баста нашуданд. Корҳои оддӣ ва хидматгузориро дар кишвар асосан муҳоҷирин иҷро карда, дар мақомоти раҳбарии корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ аксаран шаҳрвандони худи Аморат мебошанд.
Кишвар барои шаҳрвандонам шароити беҳтарини зиндагиро муҳайё намудааст. Аз он ҷумла, бо таваллуди ҳар кӯдак, ба номаш ҳисоби бонкӣ бо маблағи муайян кушода шуда, хароҷоти таҳсил барои шаҳрвандонаш дар хориҷ аз ҷониби давлат пардохт мешаванд.