Генерал Раҳимов: Артиши мо зархаридони хориҷию хиёнаткоронро мағлуб сохт
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, зимни ҷаласаи тантанавии бахшида ба 21-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон сарбозону афсарони тоҷикро табрик карда, барояшон дар таъмини амнияти шаҳрвандон ва якпорчагии Ватан муваффақият таманно кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, генерал-лейтенант Раҳимов, аз таърих ёдоварӣ карда, таъкид намудааст, ки бо гузашти солҳо кашмакашиҳои қавмӣ, хусумату душманӣ ва нотавонбинии бегонагон мардуми моро аз асли хеш дур ва адабиёту фарҳанги оламшумулро парешон сохт. Ӯ афзудааст, “давраи ташаккулёбии артиши миллӣ ба замоне рост омад, ки ҷумҳурӣ дар гирдоби ҷанги дохилӣ печида, душманони давлату миллат бо ҳар роҳу восита мехостанд, ба раванди рушду инкишоф, мустақилият ва низоми муайяни зиндагӣ халал ворид намоянд.”
Вазири умури дохилӣ он рӯзҳоро барои афсарону сарбозон имтиҳони ҷиддии ҳаёт хонда, афзуд, ки он замон артиши миллӣ бар душманони миллат, зархаридони хориҷӣ ва афроди нотавонбину хиёнаткор ғолиб омада, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистонро ҳифз ва таъмин намуданд.
Рамазон Раҳимов муътақид аст, ки давоми 21 сол Тоҷикистон соҳиби як артиши замонавӣ ва муҷаҳҳаз шуд, ки метавонад, якпорчагию амнияти кишварро сарбаландона таъмин намояд.