Давлатманд Исломов комиссари бозии “Бунёдкор” ва “Фулод” дар Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2014
Давлатманд Исломов, раҳбари шӯъбаи байналмиллалии Федератсияи футболи Тоҷикистон комиссари бозӣ миёни дастаҳои “Бунёдкор”-и Узбакистон ва “Фулод”-и Эрон хоҳад буд.
Ин дидор дар доираи даври гуруҳии Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми АФК баргузор мешавад. Бозии аввал 19 март дар шаҳри Тошканди Узбакистон ва бозии ҷавобӣ 8 апрел дар шаҳри Сайди Лубнон доир мегардад.
“Бунёдкор” ва “Фулод” шомили гуруҳи “D”-анд.
Давлатманд Исломов, раҳбари шӯъбаи байналмиллалии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин комиссари бозӣ миёни тимҳои “Ал-Ваҳда”-и Сурия ва “Ал-Хидд”-и Баҳрайн (гуруҳи “С”) хоҳад буд, ки 8 апрел дар варзишгоҳи Сайди Лубнон мегузарад.