2011-05-02 13:05
Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русияро
дар хусуси тағйири ному насабашон бо илова кардани пасвандҳои русии «ов», «ев», «евич» як навъ иқдоми ангезаи сиёсӣ дошта унвон кард. Ба иттилои Саймиддинов мушкилот дар ин хусус ҳам дар дохил ва ҳам хориҷ аз он ба назар мерасад ва бойиси нигаронист. Маврид ба ёдоварист, дар робита ба ин проблема то ин замон ба кумита ҳеҷ санаде ирсол нашудааст, вале табиист, ки чунин мушкилот дар пешорӯи муҳоҷирон вуҷуд дорад.