Сокинони Бодканд мехоҳанд, қочоқчиёни коло ба Тоҷикистонро “говсуд” кунанд
Сокинони минтақаи Бодканди Қирғизистон аз қочоқи коло ба Тоҷикистон дар ҳоли масдуд будани марз нигаронӣ карда, гуфтаанд, омода мебошанд, қочоқчиёнро “говсуд” кунанд.
Тибқи иттилои расонаҳои қирғизӣ, сокинони минтақаи ҳаммарзи кишвар рӯзи 20 феврал дар суҳбат бо мақомоти худ, нигаронӣ кардаанд, ки бо вуҷуди маҳкам будани марз, бархе аз қирғизҳо ба тоҷикон коло мефурӯшанд. Ба гуфтаи онҳо, давоми чанд рӯзи охир ба таври қочоқ шаҳрвандони Қирғизистон ба ҳамтоёни тоҷикашон 5 тона биринҷ, 2,5 тона себ ва 2 асп фурӯхтаанд.
Дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилии Бодканд мегӯяд, сокинони ин минтақа масдуд боқӣ мондани сарҳад бо Тоҷикистонро то ҳалли таниши марзӣ талаб карда, сангин кардани ҷазои қочоқчиёнро хостаанд. Инчунин аз мақомоти кишварашон талаб кардаанд, ҳар чӣ зудтар ба раванди аломатгузории хатти марз бо Тоҷикистон ва сохтмони роҳи алтернативи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ оғоз бахшанд. Курсан Асанов, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон низ, ки дар ин мулоқот ҳузур доштааст, аз сокинони ин минтақа хостааст, ба таври ихтиёрӣ барои боздошти қочоқчиён кӯмак карда, аз доираи қонун берун нараванд.
Талаби сокинони Бодканд барои боқӣ мондани масдудияти марз бо Тоҷикистон дар ҳолест, ки Хадамоти марзбонии ин кишвар аз афзоиши қочоқбарони қирғиз хабар медиҳад. Ин ниҳод қаблан гуфта буд, ки танҳо дар давоми як рӯз ду шаҳрванди кишварашро ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва қочоқи коло аз Тоҷикистон ба ватан боздошт кардааст. Манбаъ мегӯяд, яке аз боздоштшудагон қасди ворид кардани беш аз се тона мандарин аз Тоҷикистон ба Қирғизистонро дошта буд.
Боздошти шаҳрвандони Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи коло аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки мақомоти ин кишвар дар пайи тирпарониии 11 миёни марзбонони ду ҷониб дари марзҳои худро бастааст.
Мулоқоти мақомоти қудратии тоҷику қирғиз ва даъват барои ҷилавгирӣ аз иқдомоти иғвоангез дар марз
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии Бодканд, аз вохурии раҳбарони мақомоти қудратии тоҷику қирғиз дар деҳаи Жака-Оруқи ин минтақа хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, дар ин мулоқот, ки рӯзи 21 феврал баргузор шуд, ҷониби Душанберо Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба умури амниятӣ ва Ш.Назаров, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ҳамроҳи муовинаш намояндагӣ карда, аз ҷониби Бишкек Курсан Асанов, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон ва Норбой Олимбеков, сардор Раёсати умури дохилии Бодканд ҳузур доштанд.
Манбаъ мегӯяд, дар ин ҷаласа Асанов гуфтааст, вазъияти марз бо Тоҷикистон таҳти назорати махсуси раисиҷумҳур ва нахуствазири кишвараш қарор дошта, ҷонибдори ҳалли ин мушкилот аз роҳи гуфтугӯ ва дипломатӣ мебошанд. Шералӣ Хайруллоев низ дар навбати худ ба ҷилавгирӣ аз иқдомоти иғвоангез дар минтақаи назди сарҳадии ду кишвар таъкид карда, гуфтааст, ин масъала танҳо бояд аз тариқи гуфтугӯ ва мусоламатомез анҷом ёбад.
Вохурии раҳбарони мақомоти қудратии Бишкеку Душанбе дар ҳолест, ки Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқоти рӯзи 14 феврали соли ҷорӣ бо ҳамтоёни қирғизи худ дар Бешкек пешниҳодҳои худро дар мавриди баҳсҳои марзӣ ироа карда буданд.
Тибқи иттилои ҳайати Тоҷикистон, ҷониби қирғизҳо ваъда дода буд, ки баъди омӯзиши пешниҳодҳо посухашонро тариқи роҳҳои дипломатӣ пешниҳод хоҳанд кард. Аз пешниҳодҳои асосии Тоҷикистон зимни ин гуфтушунид аз ҷумла талаби роҳи мустақим аз Исфара то Ворух, қатъи сохтмони иншоотҳо дар мавзеҳои баҳсбарангези наздимарзӣ ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ арзёбӣ мешаванд. Қирғизистон баъди тирпарронии 11-уми январи соли равон, миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз марзҳояшро бо Тоҷикистон баста, ҳамзамон ба сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ, ки боиси тирпаронӣ шуда буд, идома дода истодааст.