Муовини муфтӣ дар намози ҷумъа: Аз нотинҷиҳо ибрат гиред
Муовини сархатиби Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъа аз ҷавонони тоҷик даъват кард, ба ноамнии давлатҳои дигар назар андохта, ба қадри сулҳу суботи кишвар бирасанд.
Домулло Сайид Акбар, муовини сархатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе рӯзи 21 феврал гуфт, “Худованд сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмию ваҳдате, ки дар кишвар бароямон ато кардааст, беҳтарин неъмат мебошад ва мо бояд онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.”
Муовини муфтӣ бо зикри ин нукта, “мардуми тоҷик рӯзе доштанд, ки аз хонаҳои худ баромада наметавонистанд” аз ҷавонони тоҷик хост, ба гуфтаи шахсиятҳои дасисаандозу фитнаҷӯ гӯш надиҳанд: “Ҳар роҳгузар ва нафаре, ки қадри ин ободиро намедонад, мову Шумо бояд ба назди онҳо наравему аз атрофи онҳо канораҷӯӣ кунем.”
Ӯ илова намуд, ҳоло ҳар чизе дар бораи нооромию қатлу куштор дар бархе аз ҷумҳуриҳо тавассути телевизионҳо мебинем, барои мо бояд дарси ибрат бошад. Ин дар ҳолест, имшабу рӯз тавассути расонаҳои хабарӣ аз рафти тазоҳурот ва нооромиҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Украина, Миср, Сурия ва Венесуела бо пахши мустақим гузориш дода мешавад.