Пажуҳиш: Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳамоно аз гаронтаринҳост
Дар пайи як раддабандии байналмилалии нархи маводи сӯхт дар кишварҳои ҷаҳон муайян шудааст, ки сӯзишворӣ дар Тоҷикистон гаронтарин дар минтақа аст.
Тибқи ин раддабандӣ, ки миёни 143 кишвари ҷаҳон гузаронда шудааст, нархи як литр бензин моҳи феврал дар Тоҷикистон 0,96 евро ва нархи сӯзишвории дизелӣ 0,86 евроро ташкил медиҳад, ки қиматтарин дар Осиёи Миёна аст.
Бар асоси ин раддабандӣ нархи як литр бензин дар Қирғизистон 0,80 евро ва Қазоқистон-0,53 евроро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ Тоҷикистон аз рӯи нархи сӯзишвории дизелӣ миёни 143 кишвари ҷаҳон ҷои 56-ум ва аз рӯи нархи бензин ҷои 53-юм мегирад.
Маводи сӯхти арзонтарин дар Венесуеала, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қатар ва Баҳрайн будааст, ки аз 0,1 то 03 евро нарх доштааст. Қиматтарин нарх дар Туркия ва Норвегия сабт шудааст, ки мувофиқан ба 1,66 ва 2,1 евро баробар аст.