ВУД ҷузъиёти садамаи маргбори Ҳисорро шарҳ дод
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти садамаи нақлиётии рӯзи 20-уми февралро дар Ҳисор, ки талафоти зиёди ҷонӣ ба бор овард, шарҳ дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», сокини 23-солаи Ҳисор, Шуҳратҷон Мирзоев, ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти ноҳияи Ҳисор, дар назди боғи «15-солагии Ҳисор» бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Хундай-сентейф» таҳти идораи ронанда Шоев Ёқубҷон, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Шаҳринав бархӯрдааст: “Дар натиҷа ронандаи «Опел-Вектра» ва мусофирони ҳамин автомашина Мирзоев Диловар ва Солиев Хушбахт, соли таваллудашон 1990, сокинони Ҳисор ва як мусофири автомашинаи «Хундай-сентейф» Қурбонов Хайриддин, соли таваллудаш 1982, сокини Шаҳринав ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.”
Манбаъ афзуд, ронандаи автомашинаи «Хундай-сентейф» ва мусофиронаш Шарифов Комилҷон, соли таваллудаш 1960 ва Қурбонов Аҳлиддин, соли таваллудаш 1975, сокинони Шаҳринав бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.