Рухсатии Шаҳноза аз беморхона ва эҳтимоли бозгашташ ба Кумитаи андоз
Шаҳноза Абдуллоева, мутахассиси Кумитаи андози Тоҷикистон, ки 11 феврал дар бинои ин ниҳод ба нишони эътироз аз фишори бархе масъулин қасд ба ҷони худ кардааст, баъди беҳтар шудани вазъи саломтияш аз беморохона ҷавоб шуд.
Яке аз наздикони Шаҳноза Абдуллоева имрӯз, 21-уми феврал дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, эҳтимол баъд аз як ҳафта Шаҳноза ба Кумитаи андоз барои идома додани кораш равад: “Мо ҳозир сари ин масъала бо маслиҳати табибон бо ӯ гап намезанем. Шаҳноза дар чунин синни ҷавонӣ дар пайи фишор дар корхона ба ҳолати бади руҳӣ гирифтор шудааст. Ҳозир ҳазор бор шукр, ки бо вуҷуди ба миён омадани ин гуна ҳодиса саломатияш беҳтар аст”.
Мусоҳиби мо таъкид намуд, ки барои наздиконаш зинда мондани Шаҳноза дар ҷои аввал меистад ва масъалаи кор он қадар муҳим нест.
Шаҳноза Абдуллоева, мутахассиси 25-солаи Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 11 феврал дар бинои ин ниҳод ба нишони эътироз қасд ба ҷони худ карда, дар беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе бистарӣ шуда буд.
Қаблан яке аз наздикони Шаҳноза ба “Озодагон” гуфта буданд, ӯ тайи ду моҳи охир таҳти фишори бархе аз масъулони Кумитаи андоз қарор дошта, билохира ба он тоб наовардаву дар ҷои кор сирко (уксус) нӯшидааст. Ба қавли мусоҳиби мо, бархе аз масъулони Кумитаи андоз борҳо ба Шаҳноза ҳар гуна туҳмат зада, таҳдид мекардаанд, ки аз ҷои кор маҳрумаш менамоянд.
Манбаи мо мегӯяд, то замони рух додани ин ҳодиса наздикони Шаҳноза Абдуллоева аз мушкил ва фишорҳо болои ӯ хабар надоштаанд.
Сухангӯи Кумитаи андози Тоҷикистон аз ифшои ҷузъиёти қасди худкушии Шаҳноза Абдуллоева дар бинои ин ниҳод, ба далели он ки он лаҳзаҳоро бо чашми худ надидааст, худдорӣ кард. Гавҳар Ҳомидова, сухангӯи Кумита дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, бовар надорад, ки “эътироз”-и Шаҳноза ба фаъолияти Кумитаи андоз ва раҳбарияти он ягон рабте дошта бошад. “Фикр мекунам, он мушкили худи Шаҳноза аст, на бештар аз он”,-афзуд ӯ. Ҳомидова илова кард, “ростӣ, ман набудам. Агар шоҳиди ҳодиса мешудам, ягон маълумот медоштам. Ин кори шахсии худаш аст, агар хоҳед аз ӯ пурсед.”