Ҳушдори обуҳавосанҷон аз боришот ва фаромадани селу тарма
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон бо пахши як иттилоя аз боришот ва ноустувории бодуҳаво дар рӯзҳои 23-24-уми феврал ҳушдор додааст.
Ба иттилои манбаъ дар водиҳо барфу борон ва дар навоҳии алоҳидаи кӯҳӣ барфрезии шадид дар назар аст. Аз ҷумла манбаъ таъкид мекунад, ки дар бисёри навоҳии вилояти Суғд барф меборад.
Обуҳавосанҷони тоҷик мегӯянд, ҳарорати ҳаво низ поён фаромада, дар вилояти Суғд шабона то 5-10 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон то 0 +5 дараҷа поён мефарояд.
Ба иттилои манбаъ дар дарёҳои Яхсу ва Қизилсу болоравии сатҳи об, дар Ҳушёрӣ-Анзоб ва ағбаи Шаҳристон хатари фаромадани тарма мавҷуд аст.