Талаби раҳоии раиси Иттиҳоди тоҷикон дар Қирғизистон
Оқилбек Султонов, вакили парлумони Қирғизистон, 20-уми феврал, зимни ҷаласаи вакилони мардумии қирғиз масъалаи раҳоии раиси Иттиҳоди тоҷикони Қирғизистон, Равшан Собировро аз маҳбас ба миён гузоштааст.
Ба гуфтаи Султонов , Равшан Собиров, собиқ вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон бояд тибқи қонун “Дар бораи авф” раҳо шавад: “Тибқи қонун ӯ бояд авф шавад ва ба озодӣ барояд. Албатта агар касе нисбати ӯ ғарази шахсӣ надошта бошад.”
Равшан Собиров, собиқ вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон соли гузашта бо иттиҳоми фасодкорӣ аз ҷониби Додгоҳи Олии ин кишвар ба 5 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуда буд.