Ҳалокати 75 нафар бар асари задухӯрд дар Киев
Давоми се рӯзи бетартибиҳо дар шаҳри Киев 75 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Total.kz бо такя ба иттилои Вазорати тандурустии Украина гуфтааст, барои кӯмаки тиббӣ дар ин давом 571 нафар муроҷиат намуда, 363 тани онҳо бистарӣ шудаанд. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Украина аз 18 то 20 феврал 565 корманди ин ниҳод захм бардошта, бештари онҳо дар беморхонаанд. Теъдоди кушташудаҳоро ВУД 13 нафар гуфтааст.
Дар шаҳри Киев шурӯъ аз авохири соли сипаришуда эътирозҳои зиддиҳукуматӣ идома доранд, ки ахиран ба задухӯрд печид. Бино ба иттилои расонаҳо аз вилоёти гуногуни Украина ҷонибдорони ҳукумат ва мухолифин вориди Киев мешаванд. Вазорати умури дохилиии Украина ахиран таъйид кард, ки ба ҳама кормандонаш аслиҳа додааст ва бар пояи қонун онҳо ҳаққи оташ кушодан ба ҳамлагаронро доранд.