Пикет ба тарафдорӣ аз имоми маъруфи узбак дар Шветсия
Қарор аст, имрӯз, 21 феврал диаспораи Узбакистон дар Шветсия ба тарафдорӣ аз имом Обид-қорӣ Назаров, руҳонии маъруф, ки баъди як суиқасд дар соли 2012 дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад, пикет намоянд.
Муҳаммадсолеҳ Абутов, яке аз ташаббускорони ин ҳамоиши эътирозӣ, ки дар Шветсия зиндагӣ мекунад, ба торнамои uznews.net гуфтааст, аз рӯзи суиқасд ба ҷони Назаров ду сол сипарӣ шуд, аммо то кунун гунаҳкорон муҷозот нашудаанд.
Иштирокдорони пикет мехоҳанд, ба ҳуқумати Шветсия зарурати таҳқиқоти нави суиқасд ба имомро фаҳмонанд.
Дар ин ҳамоиши эътирозии Стокголм ҳамчунин алайҳи саркубнамоиҳо аз сӯи мақомоти Узбакистон шиор сар додаву раҳоии даҳо маҳбуси сиёсӣ-ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифон ва журналистон талаб хоҳад шуд.
Имом Обид-қорӣ Назаров 22 феврали соли 2012 ҳангоми берун шудан аз як манзил дар шаҳраки Стремсунди Шветсия мавриди суиқасд қарор гирифт. Афроди номаълум аз силоҳи оташфишон ба сари ӯ тир кушоданд. То ҳанӯз вай дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.
Бо иттиҳоми даст доштан дар ин суиқасд як зану шавҳар аз Узбакистон - Нодира Аминова ва Баҳодур Пулодов дар Шветсия боздошт шуданд. Аммо додгоҳи Шветсия ду маротиба парвандаро баррасӣ намуда, бо далели набудани далелҳои ҷиддии собиткунандаи гуноҳи онҳо, зану шавҳарро бегуноҳ донист.
Муттаҳами асосӣ - Юрий Жуковский баъди суиқасд дар Русия паноҳ бурд ва то ҳанӯз макони будубошаш номаълум аст.
Довудхон Назаров, фарзанди имом борҳо ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки хонаводаашон муътақиданд, ин суиқасд аз сӯи мақомоти Узбакисмтон ташкил шудааст.
Имом Обид-қорӣ Назаров соли 1998 аз Узбакистон фирор кард. Мақомот ӯро ҳамчун душмани ашадии режими Ислом Каримов мешиносанд.