Тоҳир Муминов сармураббии “Вахш” таъин гардид
Тоҳир Муминов, нимҳимоятгари пешини тими миллии футболи Тоҷикистон сармураббии тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа шудааст. Ӯ дар ин мақом Салоҳиддин Ғафуровро иваз кардааст.
Бино ба иттилои торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ситоди тренерии “Вахш” тағиротҳои дигар низ ба вуқуъ пайвастаанд. “Ба ҷои Аслиддин Ҳабибуллоев, ки ба “Истиқлол”-и Душанбе ба кор гузашт, вазифаи тренерии калони даста бар души Зариф Усмонов гузошта шуд. Ба ҷуз ин Меҳроб Заурбеков сармураббии ҳайати дуюми бошгоҳ таъин гардида, Камол Ортиқов ба ҳайси ёвари ӯ кор хоҳад кард”,-менависад манбаъ.
“Вахш” омодагиҳо ба мавсими нави футболи Тоҷикистонро 20 январ шурӯъ карда буд. Ҳоло даста барои ширкат дар даври интихобии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон омодагӣ мебинад, ки 24 феврал оғоз хоҳад шуд.