Ашқобод дар қатори бадтарин шаҳрҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором
Ашқободи Туркманистон ҳамроҳ бо пойтахтҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба феҳрасти шаҳрҳои бадтарин аз рӯи сатҳи зиндагӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (бо истиснои Австралия ва Зеландияи Нав) ворид шудааст. Ин раддабандиро ширкати Mercer миёни 223 шаҳр тартиб додааст.
Ашқобод дар ин рейтинг мақоми 206, Душанбе 209, Бишкек 204 ва Тошканд зинаи 202-ро ишғол кардаанд. Дар ҷои 208 Дакка, пойтахти Бангладеш нишастааст. Бағдод, пойтахти Ироқ дар мақоми 223 нишаста, бадтарин шаҳрро муаррифӣ мекунад.
Дар феҳрасти панҷ шаҳри нишондиҳандаи беҳтарини зиндагӣ дар ин минтақа Сингапур (ҷои 25 дар рейтинги умумӣ ), Токио (43), Кобе (47), Иокогама (49) ва Осака (57) (ҳар чор дар Ҷопон) шомиланд.
Дар рейтинги умумӣ, пойтахти Австрия беҳтарин дар ҷаҳон эътироф шудааст. Дар пайи Вена, шаҳри Сюрихи Швейтсария, пасон Окленди Зеландияи Нав, Мюнхени Олмон ва Ванкувери Канада шаҳрҳо бо нишондиҳандаи беҳтарин барои зиндагӣ дониста шудаанд.