Афғонистон аз Қазоқистон кӯмаки башардӯстона мегирад
Ҳукумати Қазоқистон ба сифати кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон беш аз 2,5 ҳазор тон маводи ғизоӣ мефиристад. Дар ин бора расонаҳои ин кишвар хабар додаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин кӯмак аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ихтисос шуда, тавассути Вазорати ҳолатҳои фавқуллода амалӣ мегардад. Гуфта мешавад, кӯмаки башардӯстона аз орд, шакар ва равғани растанӣ иборатанд.
Далели чунин тасмими ҳукумати Қазоқистон "вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии баамаломада бар асари ҳодисаҳои табиӣ дар кишвари исломӣ" гуфта шудааст.