“Зиёиёна дар бораи нозиёиён”
Марат МАМАДШОЕВ
Чаро зиёиён аз нашрияи «Азия-Плюс” ва муҳаррираш, Олга Тутубалина барои матлаби “Нозиёиёна дар бораи зиёиён” ё худ “Неинтелигентно об интеллегентсии” ранҷиданд?
Мурофиаи зиёиён зидди “Азия Плюс” ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шудааст ва рӯзи 21-уми феврал ҷаласаи охирони додгоҳ дар назар аст. Ростӣ намедонам, ки додгоҳ чӣ қарор хоҳад кард. Эҳтимол аст, ки ин маърака бо нафарони боло, ки воқеан қарор қабул мекунанд, мувофиқа нашудааст. Мумкин дар вақташ дар боло мухолифи даъвои зиёиён набуданд ва қарор карданд, ки ин даъво таваҷҷуҳро аз интихоботи президентии соли 2013 ва парвандаи Зайд Саидов ба дигар тараф мебарад.
Ин аст, ки ба гумонам феълан дар додгоҳ бо сарҳои гаранг нишонаю ишораҳо аз болоро таҳлил доранд. Муаммои сарбаста.
Мутаассифона, худи даъвогарон моҳияти иддаояшонро рӯшан карда натавонистанд. Чаро аз аҳоллии 8 миллионнафараи Тоҷикистон, аз миёни афроди зиёде, ки ҳаққи зиёиро доранд, маҳз ин гуруҳ ранҷиданд? Даъвогарон дар додгоҳ талош карданд, сабабҳои норозигияшонро фаҳмонанд, кӯшиш карданд, чизи хирадмандона гӯянд, аммо ба таври лозима аз уҳда набаромаданд.
Дар ҳар гуна чунин даъвою норозигӣ аз фикр, як чизи зиддунақиз аст. Чӣ метавонад одамро ранҷонад ё ба хашм орад? Вақте дурӯғ мегӯянд, далелҳоро таҳриф мекунанд ё одамро аз зовияи бад нишон медиҳанд.
Аммо назару фикр танҳо дар ҳолате метавонад, муҳим бошад, ки онро як манбаи бароят бонуфузу обрӯ баён кунад. Оне, ки ӯро воқеан ҳурмат мекунию бароят бисёр арзишманд аст.
Дар матлабе, ки боиси даъвои зиёиён шудааст, ягон далел мавҷуд нест. Он ҷо ҳатто ишорае ба далел нест. Он ҷо танҳо як ташбеҳи Олга Тутубалина аст, ки онро ҳар гуна фаҳмидан мумкин аст ва дар илова ибораи Ленин оварда шудааст.
Бармеояд Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” барои даъвогарон як авторитети маънавию ахлоқӣ астанд. Бармеояд Тутубалина ва Азия Плюсро даъвогарон арҷ мегузоранду эҳтиром мекунанд?
Агар чунин аст, пас чаро рӯзноманигор ва рӯзномаро барои як ибора, барои як матлаб ба додгоҳ кашиданду ҷубронпулии гаронро талаб мекунанд? Ин чӣ-нишонаи зиёии ҳақиқӣ аст?
Ман, масалан худро таҳқиршуда намеҳисобам, агар афроди бароям нохушоянд, дар бораям бадгӯӣ кунанд. Чун писанди ҳама будан ғайриимкон аст ва талош барои розӣ кардани афроде, ки эҳтиромашон намекунӣ ин беэҳтиромӣ нисбати худ аст.
Дар бораи ман ахиран навиштанд, ки мавқеи мушаххас ва устувории маънавию идеологӣ надорам. Ин беҳтарин таърифи ман буд. Бараъкс агар ин афрод дар бораи ман чизи хубе мегуфтанд, маврид ба фикр мебуд, ки ман чӣ кореро нодуруст карда истодаам. Ман сахт меранҷам, агар касе аз онҳо дар бораям ҳатто фикри хуб кунанд. Албатта на аз онҳо балки аз худ меранҷам.
Танҳо ҳақиқат метавонад, таҳқир кунад гуфта буд, Наполеон. Эҳтимолан ин сабаби асосӣ аст, ки баъзеҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунанд.