Норизоиятии Ғиёсов аз сайтҳои “Васатият”, “Дин”, “Ақида” ва "Андеша"
Ҷумъахон Ғиёсов, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар хостааст, алайҳи сомонаҳои интернетии динӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Ғиёсов рӯзи 20 феврал дар ҷаласае оид ба риояи талаботи моддаҳои 17 ва 22 Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияњои динӣ", ки дар Кумитаи дин бо иштироки Абдурраҳим Холиқов, раҳбари ин ниҳод ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баргузор шуд, ибрози назар кард.
Муовини раиси Кумитаи дин гуфт, ҳоло сомонаҳои интернетии “Васатият”, “Дин”, “Ақида” ва "Андеша" бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ тарғиби ақидаи исломиро миёни корбарони худ ба роҳ мондаанд.
Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи дин, ин фаъолияти торнамоҳои динӣ гӯиё боиси сар задани ихтилофот дар ҷомеаи мазҳабии тоҷик мешавад. “Мехоҳам диққати намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба масъалаи зикршуда ҷалб намуда, хоҳиш намоям, ки нисбат ба сомонаҳои интернетии динӣ чораҳои зарурӣ андешанд”,- таъкид доштааст Ғиёсов.
Дар идома муовини раиси Кумитаи дини кишвар аз тамоми масъулини нашриёт, матбаа, студияҳои сабти маводи видеоӣ, фурӯшандагони адабиёти динӣ ва масъулони матбуоти даврӣ талаб кардааст, ки фаъолияти худро тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ба роҳ монанд.