Бонки Миллӣ ҷаҳишу коҳиши қурби долларро шарҳ дод
Бонки миллии Тоҷикистон ҷаҳиши ахири қурби долларро ба вазъи бозорҳои асъори Русия ва Қазоқистон рабт дода, афзуд, ки баъди дахолат вазъи бозори асъори Тоҷикистон муътадил шудааст.
Дафтари матбуоти Бонки Миллӣ мегӯяд, боло рафтани қурби доллар дар ҳафтаи гузашта асосан ба таъсири омилҳои мавсимӣ ва қисман ҳодисаҳои берунӣ, аз ҷумла паст рафтани қурби рубли русӣ ва беқурбшавии тангаи қазоқӣ вобастагӣ дошт: “Иқтисодиёти кишвар, ки дар якҷоягӣ бо иқтисодиёти глобалӣ пеш меравад, ба мисли иқтисодиёти дилхоҳ мамлакати дигар зери таъсири ҷараёнҳое, ки дар бозорҳои байналмилалӣ идома доранд, қарор дорад. Бинобар ин, тағйир ёфтани қурби асъори миллии мамлакатҳои бузурги минтақа – шарикони иқтисоди хориҷии мо низ то андозае метавонад таъсири худро ба қурби асъори миллии мо расонад.”
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки соли равон низ сиёсати қурбиро дар асоси реҷаи танзимшавандаи шинокунанда ба роҳ монда, қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ дар асоси таносуби эҳтиёҷот ва пешниҳодоти бозор муқаррар менамояд: “Ахиран низ барои қаноатманд гардонидани талаботи рӯзафзуни фаъолияти хоҷагидорӣ ва шаҳрвандон аз 13 феврал фурӯши иловагии долларро ба роҳ мондем.”
Манбаъ мегӯяд, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолати аз ҳад зиёд пасту баланд шудани қурб ва бо назардошти нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, ҳамчунин вазъи бозори молиявии минтақавию ҷаҳонӣ ба бозори асъор мудохила менамояд.