Парвандаи ҷиноӣ дар робита ба тирпаронӣ алайҳи Оят Зоиров
Мақомоти пулиси Русия танҳо баъд аз ду ҳафтаи захмӣ шудани Оят Зоиров, шаҳрванди Тоҷикистон, аз тири афроди ношинос дар Бутово, наздикии Маскав, парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи он шуруъ намудаанд. Ин ҳодиса шаби 7 феврали соли ҷорӣ рух додааст.
Иззат Амон -- раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия гуфт, “бо дӯстон ба шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Бутовои шаҳри Маскав рафтем. Ҳафтуми феврал миллатгароёни рус Зоиров -- шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро бо 7 тир захмӣ мекунанд. Бо лутфи Худо ӯ зинда мемонад. Бадани оғӯшта дар хуну хокашро дар миёни барфҳо қарибиҳои саҳар пулис пайдо намудааст. Аз воқеа ду ҳафта гузаштаасту на сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва на муфаттиш хабаре аз ҷиноят надоранд.”
Вале сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аз ин ҳодиса огоҳ буд ва танҳо бо дархости маъмурони пулис барои халал нарасондан ба тафтишот аз расонаӣ кардани он худдорӣ варзидааст. Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон, дар номае ба “Озодагон” ин ҳодисаро шарҳ дода, гуфтааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Бутово машғули таксиронӣ буд ва шаби 7 феврал ду мусофири он ба сӯяш трир холӣ кардаанд.
Эгамзод мегӯяд, Зоиров як муддат дар бемористони рақами 64-и Маскав бистарӣ буда, ҳоло вазъаш рӯ ба беҳбуд овардааст ва аз табобатхона ҳам мураххас шудааст.