Собкалов баъди барканории Ҳукумов истеъфо додааст
Комил Мирзоалиев, раҳбари пешини меҳмонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар Маскав ба ҳайси муовини аввали раиси корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон" таъйин шудааст.
Тавре аз Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳан” ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Комилов дар ин симат Владимир Собкаловро, ки қаблан бино бар сабаби расидани синнаш ба нафақа истеъфо дода буд, иваз кардааст. Ба иттилои манбаъ, Комил Мирзоалиев то соли 2010 дар КВД "Роҳи оҳан" ба ҳайси раҳбари бахши ҳамлу нақли мусофирон фаъолият доштааст.
Ин тағйироти кадрӣ дар "Роҳи оҳан"-и кишвар дар ҳолест, ки қаблан бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раҳбари ин ниҳод ба нафақа фиристода шуда, ба ҷои ӯ Асадулло Зоиров таъйин гардид. Ҷаноби Зоиров то ин дам роҳбари корхонаи фаръии сохтмонии “Роҳсоз”-и ширкати Роҳи оҳан будааст.