Президенти ФИФА бозии “Равшан” ва “Истиқлол”-ро тамошо мекунад
Йозеф Блаттер, президенти Федератсияи байналмиллалии футбол (ФИФА), ки 24 март бо як сафари дурӯза вориди Душанбе мешавад, бозии “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанберо тамошо хоҳад кард.
Ин дидор 25 март барои дарёфти Абарҷом ё Суперҷоми Тоҷикистон баргузор мешавад.
Торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Блаттер дар доираи ин сафар ҳамчунин ба Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон оғоз мебахшад. “Маросими бошукуҳи оғози Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон 25 март дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар чорчуби ин чорабинӣ ҷашнвораи футбол барои кӯдакон аз рӯи барномаи “Grassroots” доир мегардад”,-навиштааст манбаъ.
Интизор меравад, Йозеф Блаттер дар доираи ин боздид бо раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам мулоқот намояд.