Мард ҳамсарашро назди шогирдони мактаб 20 корд задааст
Дар Шимкенти Қазоқистон марде дар пояи рашк завҷаашро, ки ба ҳайси муаллима кор мекардааст, дар назди шогирдонаш ба ҳалокат расондааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии КТК-и ин кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки хонандаҳои мактаб барои аёдати муаллимаашон, ки баъди ҷароҳӣ дар манзилаш бистарӣ будааст, омадаанд. Мард дар ҳузури мактаббачаҳо ба бадани Барно Исроиловаи 48-сола, 20 маротиба бо корд мезанад. “Шогирдон бо муаллимаашон дар бораи ҳамсабақон ва дарсҳо суҳбат доштаанд, ногоҳ ҳамсари зан аз вай дафтарчаи қайдҳо ва пасон телефони мобилияшро талаб кардааст. Баъдан, кордро гирифта, ба ӯ дарафтодааст. Мактаббачаҳо аз тарс ба хонаҳои худ фирор мекунанд”,-хабар додааст манбаъ.
Шавкат Исроилов ва Барно Исроилова 26 сол зиндагии муштарак доштаанд ва ба қавли писар ва духтараш давоми солҳо падарашон ҳамеша модарашонро зери мушту лагад мегирифтааст.
Шавкат Исроилов баъди "кордборон" кардани завҷааш ёрии таъҷилӣ ва пулисро хабар кардааст.