Ҷоми ФФТ: “Истиқлол” рақиби “Регар-ТадАЗ” шуд
Имрӯз, 19 феврал расми қуръакашии даври интихобии мусобиқаи Ҷоми Федертсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе баргузор шуд.
Дар даври интихобии минтақаи Душанбе 8 даста ширкат мекунад – 5 клуб аз лигаи олӣ ва 3 тим аз двизиони аввал.
Дар пайи қуръакашӣ дастаҳои “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Истиқлол”, “Гвардия” ва ССКА “Помир” (ҳамагӣ аз Душанбе) шомили гуруҳи “А” шуданд. “Локомотив” (Душанбе), “Хайр” (Ваҳдат) ва “Энергетик” (Душанбе) дар гуруҳи “В” бо ҳам қувва хоҳанд озмуд.
Даври интихобии мусобиқоти Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе аз 24 феврал то 5 март идома мекунад.