“Кормандони Китобхонаи Миллӣ китобхонҳоро мегурезонанд”
Донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз сатҳи пасти хизматрасонӣ ва муносибати бади масъулини Китобхонаи миллии Тоҷикистон шикоят доранд.
Бархе аз донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба “Озодагон” шикоят карданд, ки дар Китобхонаи миллӣ ин ё он китобро дархост мекунанду баъди соатҳои интизорӣ маълум мешавад, ки кормандон натавонистанд, онро пайдо кунанд.
Фирӯзаи Комилҷон, як донишҷӯи ДОТ, гуфт, ба замми пайдо накардани китоби зарурӣ, кормандони китобхона бо онҳо хуб муносибат намекунанд: “Як корманди китобхона рақами китобро менависад ба ошёнаи поён мефиристонад. Дар он ҷо бошад рақами навиштаи онҳоро намефаҳманд. Имрӯз баъд аз дарс барои пайдо намудани китоби “Донишнома”-и Абӯалӣ ибни Сино” омадем ва акнун ду соат мешавад, ки аз як ошёна ба ошёнаи дигар чарх мазанему китобро пайдо накардем.”
Фирӯза афзуд, аз ҳамин даромадгоҳ- аз қаравулон сар карда, то кормандони болоӣ бо корафтодагон муносибати хуб надоранду дар сатҳи зарурӣ роҳнамоӣ намекунанд: “Ҳамин ҳолатро ба муаллимонамон мефаҳмонем бовар намекунанд. Ин хел гап нест мегӯянд.”
Дар ҳамин ҳол бархе аз донишҷӯён таъкид мекунанд, ки баъди чунин бархӯрд ва муносибат шавқи китобхонӣ ва хоҳиши омадан ба Китобхона низ гум мешавад.