Парванда алайҳи муҳоҷири 24-солаи тоҷик барои озори духтарчааш
Додситони ноҳияи Василеостровски Санкт Петербург, парвандаи ҷиноӣ алайҳи шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро барои озори фарзанди 2-солааш асоснок хондааст.
Тибқи иттилои шуъбаи тафтишотии ин ноҳия, Азамат Уроқов, муҳоҷири 24-солаи тоҷик аз моҳи ноябри соли 2013 то 11-уми феврали соли равон мунтазам духтарчаи 2-солаашро озор медодааст. Ба иттилои тафтишот Уроқов духтарчаашро зада, зарари ҷисмонию равонӣ мерасондааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, айни ҳол Уроқов дар боздоштгоҳ қарор дошта, духтарчааш дар беморхонаи кӯдаконаи Санкт Петербург, дар ҳолати миёна бистарӣ гардидааст.