39 нафар соҳиби кор шуд, 12 касро касбомӯзӣ фиристоданд
Субҳи имрӯз дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод сурат пазируфт.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз сарраёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, ки созмондиҳандаи аслии чорабинии мазкур аст, хабар доданд. Ба иттилои манбаъ дар ярмарка 38 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, барои корҷуён 2362 ҷойҳои кории холиро пешниҳод кардаанд. Аз ин миқдор ҷои кори холӣ танҳо 39 нафар ба дарёфти кор муваффақ гардидаанд. Ба ҷуз ин ба 12 иштирокчии ярмарка барои омӯзиши касбҳо роҳхат дода шудааст. Манбаъ гуфт, дар рафти ярмарка зиёда аз 470 нафар шаҳрвандони корҷӯй ва бекор иштирок доштаанд. {jathumbnail off}