Гузориши Мамитов ба президент дар бораи гуфтушунид бо Тоҷикистон
Тоқон Мамитов, ноиби сарвазири Қирғизистон, имрӯз, 19-уми феврал, ба раисиҷумҳурашон Алмосбек Отамбоев, дар мавриди гуфтушунидҳои марзӣ бо Тоҷикистон гузориш додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Қирғизистон, Мамитов президентро аз ҷараёни гуфтушунид бо ҳукумати Тоҷикистон дар масоили марз ва чораҳо барои таъмини амнияти наздимарзӣ ҳисобот додаст.
Гуфтушуниди ахири Бишкеку Душанбе 14-уми феврал сурат гирифта, мулоқоти навбатии ҷонибҳо моҳи марти соли равон дар Душанбе таъин гардидааст.
Қаблан Тоқон Мамитов, муовини сарвазири Қирғизистон, баррасӣ шудани масоили мубодилаи қаламрав миёни ҳайатҳои Бишкек ва Душанберо такзиб карда буд. Мамитов дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш гуфтааст, чӣ гуна метавон дар бораи мубодилаи қаламрав суҳбат кард, дар ҳоле ки ҳоло хатти марзи ду кишвар муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқоти ахири рӯзи 14 феврал ҷонибҳо татбиқ гардидани протоколи №1 дар бораи берунории низомиён ва истифода накардани силоҳро баррасӣ карда, инчунин, ба тавофуқ расидаанд, ки дигар барои таҳдиди тарафҳо аз силоҳ кор намегиранд. Номбурда афзудааст, ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба оид ба тафтишоти тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон аз сӯи додситонии низомиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Муовини сарвазири Қирғизистон дар посух ба суоли хабарнигорон оид ба замони аломатгузории марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон изҳори беиттилоӣ карда, гуфтааст, шояд ин амал 3 ё 30 сол баъд сурат гирад. “Албатта, ин кор танҳо аз Қирғизистон вобаста нест, ин масъалаи дуҷониба мебошад. Ҳоло омилҳои субъективию объективии зиёде вуҷуд доранд, ки оғози аломатгузории марзҳоро ба таъхир мегузоранд”,-таъкид кардааст, ӯ.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири кишвар ба хотири идомаи баҳси масоили марзӣ бо Қирғизистон озими Бишкек шуда, 14 феврал бо ҳамтоёни қирғизи худ ҷаласаи навбатии худро баргузор карданд. Дар ин ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, тамоми пешниҳодҳои дақиқи худ оид ба масоили марзиро ироа кардааст ва то чанд рӯзи дигар дар ин бора аз Қирғизистон посух хоҳад гирифт. Бино ба иттилои ҳукумати Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ду кишвар оид ба масоили марзӣ қарор аст, моҳи марти соли ҷорӣ дар Душанбе сурат гирад.