$ 450 000 ва унвони қаҳрамони Беларус ба Даря Домрачева
Даря Домрачева, варзишгари 27-солаи беларусӣ, ки ахиран дар бозиҳои зимистона дар Сочӣ тавонист соҳиби се медали тило гардад, унвони қаҳрамонии кишварашро низ ба даст овард.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, ин унвон ба Домрачева бо дастури махсуси Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус тақдим шудааст. Лукашенко гуфтааст, Домрачева бо соҳиб шудани се медали тило дар як олимпиада аз худ ҳамчун қаҳрамон нишон додааст, ки таърихи муосири кишвараш амсоли онро дар ёд надорад.
Даря Домрачева рӯзи 17 феврали соли ҷорӣ дар пойгаи умумии лижаронӣ дар бозиҳои Сочӣ пирӯз шуда, соҳиби медали тило гардид. Дар ҳоле ки ӯ то ин дам дар навъи мусобиқаҳои дигари лижаронӣ ду медали тило ба даст оварда буд. Худи Домрачева ин комёбияшро маҳсули дастгирии ҳамватанонаш дониста мегӯяд, пеш аз ҳама бояд ба онҳо ташаккур гуфт, ки ба ӯ бовар кардаанд: “Лаззат бибаред, ман ин ҳамаро ба хотири Шумо ва Беларус анҷом додаам!”
Бино ба иттилои манобеи хабарӣ, варзишгари беларусиро барои се медали тилои ба даст овардааш 450 ҳазор доллар мукофоти пулӣ интизор аст. Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ, ки 7 феврал ифтитоҳ шуд, то 23 феврал идома хоҳад кард.
Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро лижарон Алишер Қудратов намояндагӣ дорад, ки рӯзи 22 феврал баромад хоҳад кард. Дар оғоз мақомот гуфта буданд, Андрей Дригин низ аз номи Тоҷикистон дар ин бозиҳои зимистонаи олимпӣ баромад мекунад, вале ҳангоми муаррифии ҳайати варзишии кишвар дар Сочӣ аз ӯ ном бурда нашуд. То ҳол мақомот шарҳ надодаанд, ки Дригин аз иштирок дар ин бозиҳо худдорӣ карда ва ё вазъи саломатияш иҷоза надодааст.