Масъули муайянсозии хатти марз бо Қирғизистон ба Исфара рафтааст
Муҳаммадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, тайи як сафар дар Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, қарор доштааст. Ин хабарро аз Кумитаи идораи замин ба мо гуфтанд ва як манбаъ дар Суғд низ тасдиқ кард, ки Зокиров ва дигар раҳбарони гуруҳҳои кории Тоҷикистон дар масъалаи мушаххас намудани хатти марз ва ҳалли бӯҳрон бо Қирғизистон феълан дар Исфараанд.
Ба қавли манбаъ, Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, низ ба Исфара рафтааст, вале мақомоти ин вазорат ба суоли хабарнигори мо дар ин бора посухи дақиқ надоданд. Бо ин ҳол, манбаи мо мегӯяд, мақомот бештар ба масъалаи муайянсозии хатти марз ва ҳалли бӯҳрони ба вуҷудомада миёни Тоҷикистону Қирғизистон машғул буда, масъулони ҳукумати Исфара бештар бо мардум вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо мегузаронанд.
Муҳаммадтоҳир Зокиров гуруҳи кории Тоҷикистон дар мавриди мушаххас кардану аломатгузории марзро ба уҳда дорад. Гуруҳи корӣ оид ба масоили низомию марзӣ ба зиммаи ёрдамчии раисиҷумҳур Шералӣ Хайруллоев ва гуруҳи корӣ оид ба истифодаи роҳҳои наздимарзӣ ба уҳдаи вазири нақлиёт Хайрулло Асозода вогузор шудааст.
Қарор аст, моҳи марти соли ҷорӣ мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе баргузор шавад. Ин тасмим дар ҷаласаи ахири Тоқон Мамитов ва Муродалӣ Алимардон, муовинони нахуствазирҳои Қирғизистону Тоҷикистон, ки 14 феврал дар Бишкек доир шуд, гирифта шудааст. Дар пайи ин ҷаласа ҷониби Бишкек ваъда дод, ки баъд аз омӯзиши пешниҳодҳои Душанбе посухашонро тариқи роҳҳои дипломатӣ ироа хоҳанд кард. Аз пешниҳодҳои асосии Тоҷикистон зимни ин гуфтушунид, аз ҷумла талаби роҳи мустақим аз Исфара то Ворух, қатъи сохтмони иншоот дар мавзеъҳои баҳсбарангези наздимарзӣ ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ арзёбӣ мешаванд.
Қирғизистон баъд аз тирпарронии 11-уми январи соли равон, миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз марзҳояшро бо Тоҷикистон баста, ҳамзамон ба сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ, ки боиси тирпаронӣ шуда буд, идома медиҳад.