Холиқов: “Хонаи баъзеҳо дарвоза надорад, вале ба Ҳаҷ мераванд”
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, дар сӯҳбат бо мақомот ва сокинони Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, аз навбати тӯлонии шаҳрвандон барои сафари Ҳаҷ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, "хонаи баъзе аз шаҳрвандони мо дарвоза надорад, вале бисёр талош мекунанд, ки Ҳаҷ бираванд”.
Ин ҳарфҳо аз сӯи раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳоле садо дода, ки Сами Шариф, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз навбатгирии сокинон барои сафар ба зиёрати Хонаи Худо то соли 2022 хабар додааст. Сами Шариф гуфтааст,дар ҳоли ҳозир сокинони ин шаҳр то соли 2022 барои сафари Ҳаҷ навбат гирифтаанд.
Инчунин Холиқов ба масъалаи бозпас овардани донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои арабӣ дахл карда, барои баргардонидани шумораи боқимондаи онҳо дастур додааст. Ба иттилои манбаъ, тамоми ҷавонони ин минтақаи кишвар, ки дар давлатҳои арабӣ таҳсили динӣ менамудаанд, ба ҷуз чанд тани дар Миср қарор дошта, баргардонида шудаанд.
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар садри як ҳайати корӣ барои иҷрои супориши президент дар мавриди корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ ва баррасии фазои динӣ озими вилояти Хатлон шуда, қарор аст, то 20-уми феврал дар ин минтақа боқӣ монад.
Дафтари матбуотии Кумидаи дин мегӯяд, Холиқов нахуст 18-уми феврал дар Қӯрғонтеппа бо фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеа мулоқот карда, таъкид кардааст, ки назорати риояи қонуни танзими расму оин аз ҷониби масъулин пурзӯр шавад, чун ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ҳанӯз зиёд сар мезананд: "Қонуни танзими ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон маҳз ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ба тасвиб расидааст ва он бояд самаранок татбиқ гардад."
Инчунин манбаъ илова мекунад, ки, Холиқов дар ин дидор бо имомхатибон, имомон доира ба вазъи фазои динӣ дар кишвар табодули назар намудааст: “Ӯ таъкид дошт, ки мо бояд бо анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷомеа аз паҳн гардидани ҳар гуна ҷараёну мазоҳиби ғайрианъанавӣ дар кишвар ҷилавгирӣ намоем.”
Холиқов ҳамчунин хостори ҷалби бештари ҷавондухтарон ба таҳсил шуда, афзудааст, ки таҳсили духтарон барои рушди ҷомеаи маданӣ дар кишвар мусоидат намояд. Дафтари матбуоти Кумитаи дин мегӯяд, сипас Холиқов дар ноҳияи Бохтар бо беш аз 300 нафар ходими дин, аҳли ҷомеа ва фаъолон масоили мубрами миллию диниро баррасӣ карда, интизор меравад, чунин мулоқотҳо то 20-уми феврал идома ёбанд.