Таърифи Зуҳуров аз шумораи масҷидҳои Тоҷикистон дар Эрон
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, дар конфронси Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Эрон аз фазои озоди динии кишвар тавсиф карда гуфт, ҳоло Тоҷикистон аз ҳисоби масоҷид дар Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал аст. Ӯ илова намудааст, фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динии худ дар тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва мақомоти тоҷик низ ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад.
Раиси Маҷлиси намояндагони кишвар аз таътил эълон шудани рӯзҳои Иди Рамазону Қурбон ва таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ёдоварӣ карда, онҳоро яке аз далоили арҷгузории давлати Тоҷикистон ба дини Ислом хондааст. Зуҳуров гуфтааст, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои аввалин бор китоби Қуръон бо забони тоҷикӣ тарҷума ва ба беш аз 500 ҳазор нафар тақсим карда шудааст.
Шукурҷон Зуҳуров, инчунин, диққати ҳозиринро ба тарҳҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистону минтақа ҷалб кардааст. Ӯ гуфтааст, “ба шумули чунин лоиҳаҳои сармоягузорие, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намояд, пеш аз ҳама, лоиҳаи хатти барқе, ки имконияти аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол додани нерӯи барқро дорад ва ҳамчунин бунёди роҳи оҳани пайвасткунандаи Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, лоиҳаи сармоягузорӣ дар мавриди сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Қулма –Қароқурум мебошад.”
Ҷаноби Зуҳуров дар идома аз сохтмони хатти лӯлаи оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Эрон ва лӯлаи нафту газ аз Эрон ба Тоҷикистон ва роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин ёдовар шуда, онҳоро барои кишварҳои мазкур фоидаовар хондааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)