АКСУ ВИДЕО: Дарвозаҳои бастаи "Ганҷина" ва норозигии тоҷирон
Дари фурӯшгоҳҳои “Ганҷина”, ки дар бозори “Саховат”-и пойтахт ҷойгир аст, баста буда, гурӯҳе аз тоҷирон субҳи 19 феврал дар назди он ҷамъ омадаанд.
Хабарнигори "Озодагон" аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки феълан ҳудуди 100 тоҷир дар назди фурӯшгоҳи "Ганҷина" ҷамъ омада, аз амали мақомот, ки дарвозаҳои фурӯшгоҳро муҳр задаанд, изҳори нигаронӣ доранд. Ба гуфтаи хабарнигори "Озодагон" дар дарвозаи бозор муҳри Идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе часпонда шудааст, ки дар он далели бастани дарвозаҳои фурӯшгоҳ риоя нашудани қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор арзёбӣ мешавад. Дар муҳри мақомот омадааст, ки кори фурӯшгоҳ то бартараф кардани камбудиҳо мутаваққиф гузошта мешавад: "Дар сурати бидуни иҷоза боз кардани он ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд."
Аммо тоҷирон мегӯянд, тамоми таҷҳизотеро, ки мақомоти сӯхторхомӯшкунӣ дар санҷишҳои гузашта тавсия дода буданд, харидорӣ кардаанд. Ба гуфтаи савдогарони "Ганҷина" мақомот соли гузашта низ ба баҳонаи камбудиҳо дари ин фурӯшгоҳро давоми чор рӯз бастанд, ки дар натиҷа тоҷирон зарар диданд.
Аммо масъулини "Ганҷина" дар шарҳи қазия ба савдогарон гуфтаанд, ки рӯзи санитарӣ аст, бинобар ин имрӯз фурӯшгоҳ кор намекунад.