Дар садамаи маргбор муовини раиси Ҳисор муттаҳам мешавад
Нурмуҳаммад Ахмедов, ноиби раиси ноҳияи Ҳисор, гунаҳкори садамаи маргбори рӯзи 15-уми феврал дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои манбаи “Озодагон” садама дар ҳоле сурат гирифтааст, ки масъулини ҳукумати Ҳисор аз маркази ноҳия ба самти Душанбе барои иштирок дар як ҷаласа ҳаракат мекардаанд, вале дар роҳ Ахмедов аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини тамғаи “Опел” бархӯрдааст.
Шариф Абдуллоев ва Нурмуҳаммад Ахмедов, ду муовини Усмон Сабзов -- раиси ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки ба садама дучор омадаанд, ҳоло дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ мебошанд.
Валиҷон Табаров, сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳисор, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, парванда аз рӯи ин ҳодиса дар дасти онҳост, вале қатъиян гуфтани гунаҳкор феълан барвақт аст. Сардори ШКД афзуд, вазъи Абдуллоҷонов вазнин буда, ҳолати Ахмедов андаке сабуктар арзёбӣ мешавад. Ҷаноби Табаров мегӯяд, ин садама дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода иттифоқ уфтода, Холбӣ Давлатова, як корманди дигари ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки ҳамроҳи Абдуллоев ва Ахмедов будааст, низ ҷароҳат бардоштааст.
Сардори ШКД-и Ҳисор афзуд, ин садама бо мошини шахсии худи муовинони раиси ноҳияи Ҳисор (“Хундай”) рух дода, дар пайи он як нафар – Исматулло Холови 69-сола, ки савори мошини “Опел” будааст, ҳалок гардидааст. “Дар дохили "Опел" ҳамагӣ чаҳор нафар будаанд, ки аз ин ҳисоб як нафар фавтида, ду нафари дигарашон ҳоло дар беморхонаанд. Вазъи як нафари дигарашон хуб арзёбӣ мешавад”,-илова кард ӯ.