Kaspi bank маълумот дар бораи “провакаторҳо”-ро 560 ҳазор доллар мехарад
Kaspi bank-и Қазоқистон эълон кардааст, барои маълумоте, ки ташаббускорони ба қавли онҳо SMS-ҳои провакатсионӣ ва дуруғинро ошкор месозад, 100 000 000 танга, муодили 560 ҳазор доллар медиҳад.
“Рӯзҳои ахир сокинони Қазоқистон SMS-хабарҳои зиёде мегиранд, ки дар он аз муфлисшавии се бонк дар кишвар маълумот дода мешавад. Ҳар гуна маълумоти марбут ба ин мавзуъро ба e-mail-и: crowdsourcing@kaspibank.kz бифиристед", - навишта шудааст дар саҳифаи расмии Kaspi bank дар Фейсбук.
Ахиран, Ҳайрат Келимбетов, раиси Бонки миллии Қазоқистон хабарҳо дар мавриди муфлисшавии як қатор бонкҳои ин кишварро хабари беасос ва буҳтон номид.