Нигаронии президенти пешини Амрико аз сари қудрат омадани Сисӣ дар Миср
Ҷими Картер, раисиҷумҳури пешини Амрико дар як мақолаи худ вазъият дар бархе кишварҳои арабиро мавриди омӯзиш қарор дода, ҳаводиси охири Мисрро баргашти дубораи низомиён ба сари қудрат унвон кардааст.
Раисиҷумҳури пешини Амрико гуфтааст, мардуми Миср баъд аз ба сари қудрат омадани Абдулфаттоҳ Сисӣ, вазири дифои кишварашон бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ хоҳанд, шуд, ки дар давраи Ҳусни Муборак ва дигар раҳбарони худ нашуда буданд.
Ҷими Картер мегӯяд, артиши Миср вақтҳои охир, бахусус ҳангоми раъйгирии Сарқонуни нави ин кишвар дар моҳи гузашта, ба саркуб кардани мухолифин ва боздошту зиндонии рӯзноманигорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври даҳшатовар даст задааст. Ба қавли Картер, салоҳияти маъмурини пулиси Миср то ба ҳадде боло бурда шудааст, ки ҳато бандҳои Сарқонун низ наметавонад, чаҳорчӯби онро муайян кунад.
Абдулфаттоҳ Сисӣ, сарфармондеҳи қушунҳои ҳарбӣ яке аз номзадҳои аслӣ дар интихоботи президентии Миср ба шумор меравад, ки қарор аст, моҳи апрели соли равон баргузор шавад. Генерал Сисӣ асосгузори кудетои низомии Миср аст, ки ба сарнагунии ҳукумати тозатаъсиси Муҳаммад Мурсӣ сабаб шуд. Ҳарчанд ӯ расман номзадии худро эълон накардааст, вале аз сӯи артиши Миср номзадии ӯ пешбарӣ шуда, то кунун бо чанд расонаҳои хабарӣ дар бораи азми иштирокаш суҳбатҳо аноҷм додааст.
Гуфта мешавад, Миср дубора замоне бо тазоҳурот ва нооромиҳои шадид рӯбарӯ гашт, ки бо дастури Абдулфаттоҳ Сисӣ, Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар барканор ва ба маҳкама кашида шуд.