Коҳиши қурби доллар баъди дахолати Бонки Миллӣ
Бонки миллии Тоҷикистон эътироф намуд, ки баъди дахолати ин ниҳод қурби доллар дар бозори нақди кишвар коҳиш ёфта, феълан 1 доллар дар нуқтаҳои саррофӣ 4,9300-4,9450 сомонӣ арзиш дорад.
Ин ниҳод дар иттилоияи паҳнкардааш овардааст, “баъди андешидани чораҳои иловагӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна то ба 4,9300-4,9500 сомонӣ паст шуд."
Бонки Миллӣ афзуд, қурби рубли русӣ бетағйир монда, ҳамоно ба 0,1410-0,1420 сомонӣ баробар аст: “Амалиётҳо бо евро каме баланд гардида, ба 6,7046-6,7234 сомонӣ баробар шуд.”
Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон қурби доллар дар бархе аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба ҳадди 5 сомонӣ сари як доллар расида буд, ки нишондиҳандаи бесобиқа дар бозори нақди кишвар мебошад.