Ҷононов CASA-1000-ро манбаи хуби даромади Душанбею Бишкек хонд
Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, арзиши сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000-ро ҳудуди 1 миллиарду 160 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ карда, афзудааст, ки гуфтушуниди молӣ дар мавриди ин лоиҳа дар ҳоли анҷомёбист.
Ҷононов ин хатро барои коҳиши камбуди нерӯи барқ дар Покистон муҳим хонда, таъкид намудааст, ки таъминоти барқ дар Покистон аз ҳисоби нерӯи аз нигоҳи экологӣ тозаи Тоҷикистону Қирғизистон беҳтар хоҳад шуд: "Афғонистон кафолат додааст, ки амнияти CASA-1000-ро дар қаламрави худ таъмин мекунад.”
Сафири Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ ба сифати сармоягузорони асосии ин лоиҳа Бонки осиёии рушд, Бонки исломӣ ва фондҳои арабиро ном бурдааст. Ҷононов CASA-1000-ро манбаи муътадили даромад барои Душанбе ва Бишкек хондааст, ки метавонанд дар фасли гармо нерӯи барзиёди барқашонро ба Афғонистону Покистон интиқол диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби дарёфт накардани хати интиқоли барқ барои содироти нерӯи зиёдатӣ ҳудуди 200 миллион доллари амрикоиро аз даст медиҳад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)