“Шайтонпараст”-е, ки дар 6 сол хуни беш аз 23 танро рехтааст
Духтари 19-солаи амрикоӣ, ки худро “шайтонпараст” номидааст, иқрор карда, ки дар тӯли 6 соли охир беш аз 23 нафарро ба қатл расондааст.
Миранда Барбур, сокини 19-солаи иёлати Пенсилванияи Амрико дар суҳбат бо нашрияи “Daily Item” дар бораи ин амалҳои ваҳшонияш хабар дода, гуфтааст, чун шумораи кушташудагон аз марзи 23 убур кард, дигар ҳисобро бас кардааст. Тибқи иттилои пулиси Амрико, дар робита ба ин қазия алайҳи ҳамсари 22-солаи Барбур низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ин ду навҷавон бори охир дар ҷашни сеҳафтаинаи тӯйи арусияшон якҷоя нафареро ба қатл расондаанд.
Ин шайтонпарасти амрикоӣ иброз доштааст, ки аз дуруғ гуфтан хаста шуда, тасмим гирифтааст, тамоми ҷиноятҳои содиркардаи худро ба пулис бигӯяд. Барбур мегӯяд, аз амалҳои кардааш пушаймон нест, зеро бовар дорад, ҳамеша афроди бадро зери дами теғаш қарор додааст. Ӯ таъкид дорад, дар оянда агар ба озодӣ барояд, аз ин роҳаш бар нахоҳад гашт. Расонаҳои хабарии Амрико мегӯянд, вакилони мудофеи Барбур талаб доранд, зерҳимояи онҳо ҳамроҳ бо ҳамсараш аз ташхиси равонӣ гузаранд.
Шайтонпарасти амрикоӣ иқрор кардааст, ки нахустин бор ӯ дар синни 13-солагиаш нафареро ба қатл расонд ва он натиҷаи таҷовуз ба номуси ӯ дар чаҳорсолагияш буд.
Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 75 созмони динии ғайриисломӣ сабтином шуда, фаъолият доранд, ки миёнашон шайтопарастон нестанд. Вале чанд соли пеш ҳафтаномаи “Нигоҳ” бо нашри матлабе ҳушдор дода буд, ки дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе гуруҳе наврасонро “Сатана наш Бог” меомӯзад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)