Райиси ҳизби коммунист даст ба куштор задааст
Зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Абдукарим Ашӯрови 66-сола, райиси ҳизби коммунистии ноҳияи Шаҳринав боздошт шудааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, дастгиршуда 13-уми июни соли равон дар хонаи истиқоматиаш бо писари 33-солааш Тӯймурод Ашӯров ҷанҷол карда, ӯро буғӣ карда куштааст. Алъон тафтиши парвандаи ӯ дар мақомоти интизомӣ идома дорад