Муҳоҷири тоҷик корфармояшро дар Русия латукӯб кардааст
Мақомоти пулиси Краснодари Русия ба иттиҳоми латтукӯби корфармо, муҳоҷири 40-солаи тоҷикро боздошт намудаанд.
Тибқи иттилои раёсати умури дохилии Краснодар таниши корфармо ва муҳоҷири тоҷик барои 2 ҳазор рубли русӣ сурат гирифтааст, ки корфармо аз пардохти он саркашӣ кардааст. Ба гуфтаи манбаъ шаҳрванди Тоҷикистон аз ин ба хашм омада, соҳиби хонаеро, ки онро таъмир мекардааст, бо чӯбчаи дар дасташ буда, чанд бор задааст.
Мақомот мегӯянд, феълан муҳоҷири тоҷик боздошт шуда, алайҳи ӯ барои таҳдид ба қатл ва расондани зарари вазнини ҷисмонӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки то 2 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)