Бозҷӯии хонаи Гулнора ва боздошти дӯстписараш -- Рустам Мадумаров
Манзили зисти Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон, дар шаҳри Тошканд аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти миллии ин кишвар бозҷӯӣ шуда, афроди ҳузурдошта ба ҷуз кӯдакон боздошт шудаанд.
Ба иттилои расонаҳои узбакӣ, ҳангоми вуруди кормандони амниятӣ ба манзили хонум Каримова тавассути боми хона, ӯ дар атрофи дӯстписараш, Рустам Мадумаров ва духтару бархе аз афроди наздикаш, тахминан 10 нафар қарор доштааст. Манобеи хабарӣ мегӯянд, кормандони Кумитаи амнияти миллии Узбакистон баъд аз бозҷӯии манзили зисти духтари раисиҷумҳури кишвари худ тамоми телефони мобилӣ ва компютерҳои шахсиятиҳои номбаршударо мусодира ва онҳоро бидуни шарҳу иттиҳом бо худ бурдаанд.
Худи духтари раисиҷумҳури Узбакистон гуфтааст, ин амалиёти бозҷӯии манзили зисти ӯ таҳти раҳбарии генерал Муидҷон Тоҳирӣ, сардори Хадамоти амниятии падараш сурат гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, торнамои расмии Додситонии кулли Узбакистон аз боздошт ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи масъулини ширкатҳои “Terra Group”, “Prime Media” ва “Gamma Promotion” ба иттиҳоми саркашӣ аз супоридани андоз ва паноҳ кардани асъори хориҷӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Узбакистон афроди гумонбарро то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.